БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР ОБОДОНИИ ДИЁР НАЗАРРАС АСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Солҳои тӯлони баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бо ташкил намудани мағозаву нуқтаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шафати роҳи автомобилгарди деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён роҳи пиёдагард бо мондани масолеҳи сохтмонӣ маҳкам гардида, барои пиёдагардон монеа  эҷод ва  боиси норозигии сокинон гардида буд.

Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳии пайдарпай аз ҷониби намояндагони  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб роҳи автомобилгарди деҳаи Чорбоғ ба масофаи 2 километр дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз нав таъмир гардида, роҳи пиёдагардон аз сари нав барқарор карда шуд.

Бо таъмир ва азнавбарқароркунии роҳи пиёдагард мушкилии аҳолии деҳаи Чорбоғро осон гардида, рафту омади хонандагони ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои №9 ва 47  бехатар гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg