Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Меҳрубон»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар мулоқот кормандони масъули ҳизбӣ иштирок дошта, оид ба арзишҳои миллӣ, дастовардхои даврони Истиқлолият, вазифаҳои аввалиндараљаи ташкилотҳои ибтидоӣ, инчунин оид ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтни ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода ибрози андеша намуда, таъкид карданд, ки фаъолона иштирок намудан дар маъракаҳои муҳими сиёсии интихоботи соли 2020 вазифаи мо шаҳрвандони ватандӯст буда, метавонем бо амалҳои созанда барои шаффофу демократӣ гузаштани интихобот садоқати худро собит созем.