БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҲАЙСИ АЪЗОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ГАРДИДАНАМ,  ИН МАСЪУЛИЯТИ МАРО ДАР ТАТБИҚИ АМАЛИСОЗИИ ҲАДАФҲОИ ҲИЗБӢ БОЗ ҲАМ БЕШТАР МЕСОЗАД

АНДЕША. Рӯзи 13 - декабр дар Кохи Борбад таҳти Раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Шахсан барои ман боиси ифтихор ва шодмонист, ки дар Анҷуманни 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо як ҷаҳон орзую умед иштирок намудам ва ман ба ҳайси аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардидам, ки ин масъулияти маро дар татбиқи амалисозии ҳадафҳои ҳизбӣ боз ҳам бештар месозад.

Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тули солҳои 2015-2019 шунида шуд, ки садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосӣ, яъне ҷавҳару меҳвари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ба ин маънӣ, ки ҳизби мо зодаи даврони истиқлол ва барномааш барои зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Дар тӯли ду даҳсолаи охир аксари мутлақи ҳодисаҳои муҳиму умдаи таърихи навини Тоҷикистон, бидуни шубҳа ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ дорад. Имрӯз бо гузашти солҳо бо итминони комил, гуфта метавонем, ки ҳизби мо рисолати хешро дар ин муддати начандон тӯлонӣ дар сатҳи баланд анҷом дода ва ба нерӯи пашбарандаву созандаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Падидаҳои фараҳбахш ва рӯйдодҳои хотирмон барои кулли мардуми Тоҷикистон соли муваффақиятҳо дар ҳама самту соҳаҳо оғози татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳони Тоҷикистон дар соҳаи об – “Даҳсолаи байналмималии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба кор андохтани агрегати якум ва дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои пешрафти мамлакат заминаи боэътимод фароҳам меоварад, аз ҷумла муҳимтарин рӯйдодҳои кишвар ба ҳисоб мераванд.

  Боиси қаноатмандист, ки дар татбиқи ҳамаи ин нақшаҳои бузург ва фаъолиятҳои созанда нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун  ниҳоди бузурги ҷаъмиятиву сиёсӣ зери роҳбариии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу барҷаста аст.

Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсату иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занону ҷавонон, риояи ҳуқуқҳои баробари байни мардону занон ба низоми муайян иҷро гардида истодааст

Пеш аз ҳама ин омӯхтан ва таблиғу ташвиқ намудани мактаби бузурги сиёси Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки он аз муҳаббати бепоён ба Ватан, халқу миллати худ ва дарки амиқи дарду мушкилоти мардум сарчашма мегирад, иборат мебошад. Ин вазифаи муқаддас ва ҷонии ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маҳсуб меёбад. Набояд фаромӯш кард, ки комёбиҳои беназири мамлакати мо таи солҳои истиқлолият, фазаои орому суботи сиёсӣ, зиндагии осудаҳолонаи ҳар як фарди Тоҷикистон ин худ натиҷаи амали шуданӣ нақшаву ғояҳо, фикру андешаҳои созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаи сарвари давлату миллати мо натиҷаи амалӣ гаштани мактаби беназири давлатдорию сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мо бояд дар соли равон кушиш кунем, ки фаъолияти ҳизбию сиёсӣ ва ташкилиамонро куллан такмил диҳем. Бояд ҳама комиҷроияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро воқеан фаъол созем. Кори ҳизбӣ набояд бо қоғазу ҷузвдонҳо ва ҳуҷҷатгузорӣ маҳдуд гардад. Балки он ба кори ҳамарӯзаи зинда бо мардум ва аъзоёни ҳизб табдил дода шавад.

Психология – ё худ ақидае, ки гӯё кори ҳизбӣ набояд характери маъракавӣ дошта бошад. Мо ҳамчун ҳизби сари қудрат ҳақ надорем, ки ягон зарра ва ягон лаҳзае фаъолияти сиёсии худро коҳиш диҳем. Зеро мо дар ҷомеа демократӣ ва бисёрҳизбӣ кору фаъолият мекунем. Ва ҳар яке аз рақибони сиёсии ҳизби мо кӯшишу талош доранд, ки соҳиби фазои бештари сиёсӣ гарданд ва нуфузи худро дар ҷомеа тавсия бахшанд.

Бо дар назардошти маъракаҳои сиёсии дар пеш истода бояд, барои ноил гаштан ба ин  мақсад пеш аз ҳама мо бояд аз ҷумла шахсони варзидаву кордон, обрӯманд, шоирону нависандагон, олимону зиёиён (бахусус муаллимони мактабҳои деҳот) соҳибкорону тоҷирон, ҷавонону занони фаъолу пешқадам, кормандони соҳаи фарҳанг, хоҷагиҳои деҳқонӣ, созмонҳои ҷамъятӣ шумораи аъзои ҳизбамонро афзун гардонем ва сатҳи сифати онро баланд бардорем.

Раиси ҳизбамон ба мо пайваста талқин мекунад, ки ҳамеша бо мардум бошед ва барои ҳалли мушкилоти онҳо кумак расонед. Аъзои ҳизб бояд ҳамеша барои сафарбар кардани шаҳрвандон ба корҳои хайру ободонӣ фаъол бошанд.

Ташкилотҳои ҳизби моро бояд мардуми маҳалҳо донанд ва пайваста эҳсос кунанд, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар онҳо мутаҳҳид гаштанд аз мушкилоташон огаҳ мебошанд ва сари ҳаллу фасли проблемаҳои онҳо талош меварзанд.

Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем обрӯю нуфузи ҳизбамонро дар ҷомеа тақвият бахшем. Сарвари ҳизбамон фармудаанд: “Мо ҳизби худро на барои афзудани шумораи бюрократҳо, балки барои эҷоди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, барои марҳила ба марҳила баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ ва амнияти иҷтимоии ӯ созмон додаем.

Вақте мо ин суханонро дар амал нишон медиҳем, бо сари баланд ба чашми мардум нигоҳ карда, ба дастгириву пуштибонии рӯзафзуни аҳолӣ умед баста метавонем”

Мо  пеши худ вазифа гузошта будем, ки ҳар як аъзои ҳизб ба коре дар маҳал, шаҳрак  ё ҷамоат вобаста карда шаванд.

Моро зарур аст, ки пайваста эътибору нуфузи ҳизбамонро дар ҷомеа устувору тақвият бахшем. Аз ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақозо карда шавад, ки бо дили гарму масъулияти дучанд кору фаъолият кунем ва баҳри он кӯшем, ки аз ӯҳдаи боварию эътимоде, ки Раиси ҳизбамон нисбати мо зоҳир менамояд, сарбаландона бароем ва кӯшиш намоем, ки ҳар яки мо дар татбиқи амалии вазифаву мақсадҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузорем.

Бо меҳнати софдилонаи хеш дар пешрафт ва ободу зебо гаштани Ванати азизамон Тоҷикистон ширкати фаъолона варзем ва нақши арзандаву назаррас дошда бошем.

 

Абдусаломзода М. А,

раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg