БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ВАТАН КОРИ МОСТ!

АНДЕША. Санаи 13 декабри соли равон Анҷумани 13 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар кори ин чорабинии баландмақом аз ноҳия беш аз 40 нафар вакилон, ки ҳар яке дар касбу кори гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият доранд, бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва ташкили корҳои ободонию созандагӣ ҳозир шуданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти ҳамешагии доимӣ дошта, дар ҳамгиройии зич бо қишрҳои фаъоли ҷомеа дар роҳи таъмини амният ва суботи томи сиёсӣ саҳми бузург дорад. Аъзоёни ҲХДТ дар раванди ҷомеасозӣ бо риояи ҳатмии меъёрҳои демократӣ қадам гузошта, барои расидан ба рӯзгори осудаву шоиста марҳала ба марҳала Барномаи ҳизбро амалӣ менамоянд.

Зимни татбиқи амалии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ Ватани маҳбубамон ба комёбиҳои беназир ноил гардида, стратегияҳои миллии давлатӣ, ки аз Барномаи ҲХДТ бар меоянд таъмин карда шуданд.

Айни замон, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия тамоми кӯшишу ғайрати хешро дар сатҳи баланди омодагиҳо, руҳияи баланди худогоҳии миллӣ, дар фазои амну осоиш ва бунёдкориҳои бемайлон истиқбол кардани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъона равона карда, меҳнати содиқона доранд.

Дастуру роҳнамоиҳои Роҳбари ҳизбамон ҳамеша сармашқи кору фаъолият ва рӯзгори ҳар як узви ҳизб дониста шуда, бахри дар амал татбиқ гардидани он худро масъул меҳисобанд. Дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳизбиёнро аз мушкилотҳои ҷаҳони муосир, хатарҳои бузурги терроризму экстремизм, душманони давлату миллати тоҷик, хатарҳои дохиливу хориҷӣ ҳушдор дода, таъмини амнияти милливу давлатиро вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳисобиданд.

Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест ва барои ноил шудан ба ин мақсади наҷибу муқаддас иродаи қавӣ, имони комил, донишу биниши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал доштан, зарурат дорад. Аз ин рӯ, ҳамаи аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва ё ниҳодҳое, ки ба фаъолият оғоз мекунанд, аввалан баҳри оромиву осудагӣ бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ дар ободонии кишвар саҳм бигиранд, аз ҷониби дигар дар олами ботинии шаҳрвандон ватандӯстиву инсонгаройиро талқин ва тарбият бидиҳанд. Ҳифзи давлату Ватани маҳбубамонро қарзи шаҳрвандиву фарзандӣ ҳисобида, барои ҳифзи диёри арҷмандамон–Тоҷикистон ҷони худро дареғ надоранд!

 

Д.Шукруллозода, вакили  Маҷлиси

вакилони  халқи  ноҳияи  Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg