БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗГОР – РАҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Татбиқи сиёсати созандаи ҲХДТ, нақши фаъолонаи омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштироки онҳо дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ зимни вохӯрии навбатии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 тарғиб карда шуданд.

Инчунин, дар суҳбат дар бораи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм, тарбияи дурусти ҷавонон дар роҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ низ изҳори андеша карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  аъзои ҲХДТ будан ифтихори баланд аст. Зеро ҲХДТ бо раҳбарии Пешвои муаззами миллат таъмини зиндагии шоистиаву босаодати халқро пеша кардааст ваа мусоидат дар ин рисолати бузург барои ҳар узви ҲХДТ масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.

Дар охир  ба 11   нафар омӯзгорони фаъол, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg