БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БАРОИ РЕШАКАН КАРДАНИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРАНД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ”  оид б самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони ҳизбӣ доир ба  дастуру супоришҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Анҷумани 13-уми ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла дар бораи терроризму экстремизм, ки яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш овардааст, андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки мақсади асосии  гурӯҳҳои манфитҷӯи терроризму экстремизм ноором сохатни фазои  сулҳу ороми кишвар ва ба даст овардани  давлату давлатдорӣ мебошад.  Аз ин хотир бархе аз шаҳрвандони мо, ки  саводи кофӣ надоранд, ба дурӯғу дассисаҳои хоинони Ватан фирефта шуда, ба амалҳои номатлуб даст мезананд.  Барои ҳифзи марзу буми кишвар моро лозим аст, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем ва бо амалҳои  созанда нагузорем, ки нохалафе бо ғаразу ниятҳои нопоки худ сулҳи пойдори моро халалдор созад.

Инчунин, ҷамъомадагон суханрониҳои судмандро  ҷонибдорӣ карда, ваъда доданд, ки  барои решакан кардани ин падидаи номатлуби замон дастаҷамъона мубориза хоҳанд бурд.

Дар охир  вобаста ба солимии  ҷомеа пешгирӣ аз воридшавии дорвувориҳои пастсифат,баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба беморон ва дигар масъалаҳои муҳим андешаронӣ карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg