НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтдоии «Сомонӣ» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир гардид.
Масъулин дар суҳбат дар бораи пешгирӣ аз шомилшваии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои амалакунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ баромад намуда, қайд карданд, ки вақтҳои охир мову шумо шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, аз қабили ифротгароии ҷавонон мешавем. Ин тамоюл бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишри солимфикру пешоҳанги ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.