БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН НИЗ ДАР МАЪРАКАИ КАБУДИЗОРКУНӢ САҲМИ АРЗАНДА ГУЗОШТАНД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии  навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Идораи  коммуналӣ”  баргузор  гардид.

Зимни мулоқот  роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар “Қонуни  авф” ,  ки   рӯзи  25  октябри  соли  ҷорӣ  дар  таърихи  навини  тоҷикон  ҳамчун  як  рӯзи  хотирмону  таърихӣ  сабт  шуд,  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.    

Дар  охир  вобаста ба татбиқи  қисмати амалии Аксияи ҳизбии  “Якҷоя  ҳал  мекунем!”, дар ноҳияи Темурмалик, ки   маъракаи кабудизоркунӣ бо маром ҷараён дорад, аъзои ташкилоти ибтидоӣ иштирок карда, дар  роҳравҳои  кӯчаи  марказӣ ниҳолҳои сояафкану ороиширо  шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg