БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАҲРИ ПОКСОЗИИ ҶОМЕА АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Навзамин»-и Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш кормандони Кумитаи иҷроия оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва пешгирии бемориҳои сироятие, ки имрӯз дар ҷаҳон хавфи бештарро касб намудааст, вохӯрии навбатӣ доир карда шуд.

Дар баромади хеш роҳбарияти Кумитаи иҷроия доир ба мафҳум ва моҳияти экстремизм ва терроризм сухан намуда,  қайд кард, ки дар олами имрӯза масъалаи мубориза бар зидди терроризм ба яке аз масъалаҳои муҳим тадбил ёфтааст.       

Дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи мураккабу масъуле дар боби дарки амиқ, фаҳми тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм истодааст. Инчунин, қайд карда шуд, ки терроризм яке аз шаклҳои мураккабтарини зуҳуроти экстремизм буда, дар инкишофи инсоният ҳодисаи нав нест. Ҳанӯз аз замонҳои қадим рӯ овардани қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои ҳокимият талош доштанд, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи самаранок барои расидан ба ҳадафҳои худ медонистанд ва барои расидани ҳадафҳои ғаразноки худ аз ҳар усулҳои мавҷудбуда самаранок истифода бурда, бештар ҷавононро ба доираи худ ҷалб менамоянд.

Ҳамзамон мавсуф доир ба омилҳои паҳншавӣ ва пешгирии бемории сироятии ВИЧ/СПИД, ки дар замони муосир ба вабои аср табдил градидааст, маълумот дода, аз ҳозирин даъват бар он намуд, ки дар фаъолияти рӯзмарраи худ бо аҳолиӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти маълумотнокии сокинон ба ин беморӣ ҷоннок намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg