![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/WP_20191217_12_09_30_Pro.jpg?itok=vzL2X-di)
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Чашмасор»-и ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо иштироки гурўҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроия аз ҳисоби ҷавонон ва занон бо сокинон хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар вохўрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба моҳият ва маҳфуми интихобот, баррасии масъалаҳо оид ба самти занону ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани тафаккури сиёсӣ, савияи дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимии оливу миёна, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ миёни занону ҷавондухтарон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд.
Дигар баромадкунандагон низ фикру мулоҳизаҳои хешро вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баён дошта, аз ҳар як иштирокчӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ даъват ба амал оварданд.