
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Оид ба татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Идораи суғурта»-и ноҳияи Мӯъминобод мулоқот доир гардида, дар он масъулин дар бораи сазовор истиқбол намудан аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба қадри заҳмату талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолии кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро баҳри боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои ҳизбӣ дар ташкилотӣ ибтидоӣ, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, ҷалби кормандон ба амалҳои созандагию бунёдкорӣ даъват ба амал оварданд.