Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Носири Хусрав бо хонандагони синфҳои болоӣ таҳти унвони “Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ!” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар баргузории маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроия андешаронӣ карда, қайд намуд, ки дар моддаи 6-и Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи худ амалӣ мегардонанд.
Моддаи 27 Конститутсия ҳуқуқи шаҳрванд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намоянд. Шаҳрванд аз синни 18 солагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб шудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
Иштирок дар интихобот ин ҷонибдорӣ аз сохтор ва сиёсати давлат, идораи давлат ва қабули қонунҳо дар ҳаёти сохтори давлатӣ хеле зарур мебошад. Ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон бояд дар интихобот фаъолона иштирок кунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат бояд саҳми арзанда гузоранд.