НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулоб”-и шаҳри Норак бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Зимни вохӯри қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи сарнавиштсози таърихиро сарбаландона тай намуд ва имрӯз ба як ҳизби созанда ва муттаҳидсози ҷомеа табдил ёфтааст.
Инчунин, дар ин раванд оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, бахусус ВНМО, моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саноатикунонии босуръати кишвар-ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ суханронӣ карда шуд.