![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/1_179.jpg?itok=m8CwhOYq)
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Кишнова” вохӯрӣ доир карда шуда, дар он намояндагони ҳизбӣ дар бораи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ дар тӯли 28 сол, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карданд.