МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод бо сокинони деҳаи Садбаргоҳи ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назаров доир ба самтҳои афзалиятноки ҳизб мулоқот баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии гаравиши шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ,тарбияи дурусти фарзанд, самаранок истифода бурдани обу замин, нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, ки дар таъмини зиндагии арзандаи шаҳрвандон нақши калидӣ дорад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷамъомадагон андешарониҳои муфидро ба манфиати хеш дониста, чанде аз онҳо изҳор доштанд, ки дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҳизб- ҳамчун ҳизби пешбарандаи ҷомеа саҳм хоҳанд гузошт.