БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ИНТИХОБОТ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии «Шарқ»-и  ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови  ноҳияи  Шаҳритуз   бо  иштироки  намояндагони ҳизбӣ   хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Дар  рафти  маҷлис   масъулин  дар  бораи  дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ, самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ,   иҷроиши  талаботи Қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   «Дар  бораи  танзими  анъана  ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар  бораи  масъулияти  падару  модар   дар  таълиму  тарбияи фарзанд», пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, омодагӣ ба пешвозгирии  ҷашни  30-солагии  Истиқлолияти  давлатӣ,  маъракаи  сиёсии  дарпешистодаи  интихоботи   соли  2020,  ва  дигар   масъалаҳои  муҳим   суҳбат  намуданд.

Дар охир масъулин  аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ вазифаи ҳар яки мо буда, моро лозим аст  дар чорабиниҳои ҳизбӣ, аз ҷумла маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи соли 2020 фаъол бошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg