
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидои “Оби тоза” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо иштроки намояндагони ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст, масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, ҳамзамон вобаста ба саҳм доштан дар амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар корҳои созандагию ободкорӣ ибрози адеша намуданд.
Дар идомаи суҳбат таъкид шуд, ки тамоми шаҳрвадони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, пайваста дар ободии диёр саҳми худро гузоранд ва ба ин васила 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол намоем.
Дар фарҷом аъзои фаъоли ҲХДТ барои саҳми арзандааш ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадршиносӣ карда шуд.