
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Момандиён»-и ноҳияи Мӯъминобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни баромади хеш аз нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ, ки дар он самтҳои асосии хоҷагии халқ инкъикос ёфтаанд, ёдоварӣ карда, иброз доштанд, ки ҳар сокини кишвар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он кореро новобаста аз вазъи иҷтимоии худ анҷом диҳад. Дар ҳамин ҳолат мо метавонем дар ҷомеа пешрафтро амалӣ намуда, зиндагии шоистаи худро таъмин созем.
Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.