БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН-ТАРҒИБГАРИ АНЪАНАҲОИ НЕКИ НИЁГОН

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дӯзанда”-и шаҳри Норак бо бонувону кормандони ташкилоти мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  вохӯрӣ баргузор гардид. 

Дар суҳбат масъулин атрофи нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ ва “Соли  рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, сатҳи огоҳии мардум аз бемориҳои сироятӣ ва пешгирӣ аз он, пешниҳодҳои сатҳи байналмиллалии Роҳбари давлат суханронӣ намуда, зикр карданд, ки  занону бонувони тоҷик, ки худ тарғибгару эҳёгари анъанаҳои неки ниёгонанд, бояд дар татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои боз ҳам сайқал додани ҳунарҳои мардумӣ талош варзанд ва ба ҷавондухтарону занони хонашин низ касбу ҳунарҳои мардумиро омӯзонанд, то ин ки онҳо бо азбар намудани касбу ҳунарҳо дар оянда сатҳи зиндагиашонро баланд бардоранд.

Дар охир ҷамъомадагон суханрониҳои судмандро бо хушнудӣ пазируфта, ҷонибдории хешро аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg