БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҲИДОЯТГАРИ ХАЛҚ БА АМАЛҲОИ СОЗАНДА

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  «Беҳдошти  замин ва обёрии  зерҳавзаи   дарёи   Кофарниҳони  поён» дар ноҳияи Шаҳритуз бо  иштироки  намояндагони ҳизбӣ хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

 Дар  рафти  мулоқот аз  ҷониби масъулин  дар  бораи  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҳизб,   иҷроиши  талаботи Қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  масъулияти  падару  модар   дар  таълиму  тарбияи фарзанд», «Дар  бораи  танзими  анъана  ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, бо омодагии ҳамаҷониба ва бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифтани  30-солагии  Истиқлолияти  давлатӣ,  маъракаи  муҳими сиёсии  дарпешистодаи  интихоботи   соли  2020  андешаронӣ карда шуда,  ҷамъомадагон  барои анҷоми амалҳои созанда, дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ  ҳидоят гардиданд.

 

                 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg