БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН РУШДУ ТАРАҚҚИЁТИ ВАТАНРО САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ВАҲДАТ УНВОН НАМУДАНД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳвандӣ. Дар деҳаи Хуррамдеҳи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо ҷалби сокинон дар доираи Аксияи ҳизбии  "Якҷоя ҳал мекунем"!  дар  масофаи 110 метр пули одамгузар сохта истодаанд, ки ин пул деҳаҳои Чорбоғ ва Хуррамдеҳро пайваст намуда, рафту омади сокинонро осон мегардонад.

Чанде аз ҷамъомадагон дар суҳбат   иброз намуданд, ки солҳои пешин ба  пули ларзонак ва гоҳе вақто ба даруни об бо азобу машақат мегузаштем ва имрӯз боиси хурсандист, ки бо роҳандозии Аксияи ҳизбӣ мушкилоти мо осон мегардад.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳамаи ин пешравиҳо ва созандагию бунёдкориҳо маҳз самараи  Истиқлолияту ваҳдат аст, ки имрӯз Ватани азизамон- Тоҷикистон рушд карда, бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  деҳаву маҳаллаҳо низ ободу зебо гардида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg