
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷавонон-аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир гардид.
Нахуст, дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия ва раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, масъудин баён доштанд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ташаккули тафаккури ҷавонон, муносибати некбинонаву ғамхорона ба онҳо ва истифодаи нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо бисёр муҳим мебошад. Давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати ташаккулу тавсеаи ҷаҳонбинии ҷавонон тамоми чораҳоро амалӣ карда истодааст. Дар ин росто, ҷавнонро мебояд аз худ пайваста ташаббус нишон дода, барои шукуфоии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.