БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ МАЪРАКАИ КАБУДИЗОРКУНИРО ДАР МАҲАЛ ОҒОЗ БАХШИД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти  ибтидоии “Муродтеппа”-и Ҷамоати  деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардида, дар он маъракаи   кабудизоркунӣ оғоз гардид.

Аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҳадафҳои созандаи ҳизбро дастгирӣ карда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар ва сиёсати ватандӯстонаи Раиси муаззами он дар ин маъракаи хуррамгардонӣ дар шинонидани дарахтону ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда фаъолона саҳми хешро гузоштанд. 

Дар  баргузории  аксияи  ҳизбӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия аз ҳамагон  барои ташаббусҳои  созандаашон  дар ободу  зебо  ва  кабудизор  намудани   маҳал   бо  арзу  эҳтирому  самимият миннатдорӣ изҳор  намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg