
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ. Ҳамасола рӯзи 22 декабр дар қаламрави кишвар Иди касбии энергетикҳо ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад намояндагони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба табрикоти аҳли заҳмати ташкилоти ибтидоии «Барқчиён»-и ноҳия рафта, онҳоро ба иди касбиашон табрик гуфтанд.
Қайд шуд, ки дар воқеъ соҳаи энергетика дар кишвар сол то сол рушд намуд. Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми НБО-и Роғун дар рӯзи 9 сентябр, ҷашнӣ 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи нодир ва лутфи тақдир аст, барои ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ.
Сухани пурҳикмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ як Тоҷикистонӣ ва фарди ватандору худшиносро бетараф гузошта наметавонад: «Ман боре аз сафар нагаштаам, лозим шавад нақби Анзобро бо панҷаву нохунҳо меканем». Ин пандест, барои ҳар як фарди худогоҳу худшиноси миллат, хоса ҷавонони ватандӯсту ватандор.