ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва фаҳмонидану шарҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Файзободқалъа» вохӯрӣ бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи зикршуда доир гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба хавфу хатарҳои терроризм, экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон фаъолияташон мамнуъ, гирифтани садди роҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва тарбияи дурусти онҳо, истифодаи дуруст аз технологияи муосир суханронӣ намуданд.