БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДАГИЯШ ИБРАТОМӮЗ АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва як гурӯҳ хонандагони муассисаи таълимии №8-и шаҳр дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”ба аёдати собиқадори меҳнат, бобои Отамурод Қурбонов рафта, бо ӯ суҳбат ороста, аз рӯзгори ибратомӯзи ин нафар бохабар гаштанд. 

Солҳои охир дар арафаи иду ҷашнҳо аёдати пирони рӯзгордида, аз ҳоли онҳо бохабар шудан ба анъана мубаддал гардидааст, ки лоиқи дастгириву пайравист. Ташкили чунин иқдоми неки инсондӯстона дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, меҳнатдӯстиву заҳматнописандӣ ва ватандӯсти насли наврасу ҷавон  нақши муҳим дорад.

Отамурод Қурбонов аз деҳқонони пуртаҷрибаест, ки солҳои сол баҳри пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ғанӣ гардидани дастурхони сокинон садоқатмандона заҳмат кашидааст. Ҳамчун собиқадори махсуси ҷумҳуриявӣ эътироф шудани ӯ нишонаи арзи эҳтиром ба меҳнати софдилонаи чандинсолааш мебошад.

Дар охир бобои Отамурод Қурбонов аз иқдоми неки ҳизбиён миннатдорӣ баён карда, дасти дуо бардошта, гуфт, ки бигзор, Худованд ҳамеша сулҳу субот, оромию амният ва Истиқлолияту озодии Тоҷикистонро устувор нигоҳ дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg