
ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ вохӯрии навбатии масъулини КИ ҳизб бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Чавроқ” доир гардид.
Зимни мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи “Қонуни авф” суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намоем.