БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА САРВАТИ БЕБАҲОСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Даҳонпизишк”- и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур баргузор гардид.

Ҳангоми баромади худ масъулин оид ба пешгирӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии бемориҳои сироятии ВНМО/АНМО ва Гепотити С, ки тариқи сӯзандоруи тамизношуда ва дигар роҳҳои муайяншуда паҳн мегардад, суҳбат намуда, қайд карданд, ки ҳифз намудани солимии худ ва ҷомеа ин вазифаи ҳар як шахс буда, набояд ба ин сарвати бебаҳо хунукназарӣ зоҳир намоем.   

Бояд хотирнишон сохт, ки ин бемориҳо табобатнашавандаанд. 

Таъкид шуд, ки тарзи ҳаёти солим ва тарғиби он вазифаи инсонии ҳар як шахс, новобаста  аз шуғли ӯ буда, набояд дар анҷоми ин масъулияти ҳаётан муҳим кӯтоҳӣ намуд.

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg