
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи «Н.Назаров»-и ноҳияи Муъминобод бо иштироки намояндагони КИ ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис масъулин оид ба нуктаҳои Паём, ҳадафи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят карданд.
Сипас, байни аъзои ташкилоти ибтидоӣ ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд баргузор шуд.