БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ СИЁСӢ МЕХОҲАД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ноҳияи Хуросон   роҳбарияти Кумитаи иҷроия ҲХДТ бо аъзои  ташкилоти ибтидоии «Ориён»-и Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳия оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир карданд.

 Масъулин дар суҳбат вобаста ба бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон, баланд бардоштани савияи дониш, ҷалби онҳо ба навовариву ихтироъткорӣ, ки ояндаи давлату миллат аз ҷавонони худогоҳу ватандӯст вобастагии амиқ дорад, андешаронӣ намуданд.

Дар идома дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, дастуру супоришҳои  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ ироа гардиданд, қайд шуд ва ҷамъомадагон барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффофу демократӣ  гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ ҳидоят гардиданд.

Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон роҳи мошингарди деҳаро тариқи ҳашар таъмир карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg