
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқот атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Парасту” гузаронида шуд.
Дар ин мулоқот намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём дар байни дигар халқияту миллатҳои гуногун бо анъанаҳои неки худ эҳтироми хосса дошта, то ҳанӯз ин эҳтиромро соҳиб аст. Анъанаҳои қадимаи мо, ки имрӯз барои тарбияи насли наврас ва тарғиби одобу ахлоқи инсонӣ хеле мувофиқ мебошад. Масалан, эҳтироми калонсолон аз ҷониби хурдсолон ё ин, ки ташкил намудани ҳашарҳои дастаҷамъона ва бо ин васила аз байн бурдани бисёре аз мушкилиҳои ҷамъиятӣ ва ба ин монанд бисёр анъанаҳое ҳастанд, ки то имрӯз аз гузаштагони мо омада расидаанд. Дар навбати худ ҷомеаи имрӯзаро зарур аст, ки ин анъанаҳои некро ба насли наврас талқин намуда, ба мерос гузоранд.