БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ДАВЛАТ МИЛЛАТИ СОЛИМ БЕҲТАРИН НЕЪМАТ АСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бойтори”-и  ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Барои давлат миллати солим беҳтарин неъмат аст” доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла оид ба таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии бемории сироятии ВНМО, муқовимат бо коррупсия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва ҳадафҳои барномавии он  суҳбат оростанд. 

Инчунин,  доир ба моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021–“Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ, имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ, ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg