БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД…

ЁВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.       Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баррасии  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ роҷеъ ба баланд бардоштани нақшу манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар ташкилоти ибтидоии «1 Майи» -и Ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон бо иштироки фаъолони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур оид ба таҳсилу касбомӯзии духтарон, эҳтироми байни ҳамсоягию хешу таборӣ, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспушӣ, аз байн бурдани фарҳанги бегона, тарбияи дурусти фарзанд, пешгирии хушунати оилавӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  баромад  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg