ДАНҒАРА: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Чорсада-2”-и Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот Каримзода Пирмуҳаммад Авғон–раиси кумитаи иҷроия дар ноҳияи мазкур ба иштирокдорон атрофи масъалаҳои муҳим - риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан гуфт.
Таъкид шуд, ки ҳамагон дар корҳои созандагию бундёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвонӣ “Якҷоя ҳал мекунем” ба хотири сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъол бошанд.