АНДЕША. Дар ҳайёти ман гуворотарин лаҳза ин иштирокам дар Анҷумани XIII ҲХДТ мебошад. Банда аввалин маротиба вакили Анҷуман интихоб шудам ва чеҳраи нуронӣ, суханронии пурмуҳтаво, таҳлилҳои аниқу возеҳ, нармгуфторию хушсухании Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дидаму шунидам.
Дар Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҲХДТ интихоб шуданд. Бале, ӯ ба ин вазифа ва ин вазифа ба ӯ мезебад ва арзандааст, чунки худи ӯ таъсисгари ин хизб аст.
Ҳамчунин, дар Анҷуман барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 қабул шуд, ки шиори ин Барнома «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум » интихоб гардид.
Беҳтарин аъзои ҲХДТ ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуданд.
Маъмурбӣ Раҳимова, вакили Анҷумани XIII
ҲХДТ аз ноҳияи Фархор