АЗ АНҶУМАН ТО АНҶУМАН
АНДЕША. Яке аз принсипҳои муҳими ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ мебошад. Ба эътибори ҳамин принсип Тоҷикистон низоми бисёрҳизбиро пазируфтааст ва имрӯз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” дар қаламрави кишварамон ҳафт ҳизби сиёсӣ дар фазои озод, сулҳу салоҳ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ фаъолият доранд. Озодона ва дар асоси Оинномаву Барнома ва ҳадафҳои худ фаъолият доштани ҳизбҳои сиёсиро метавон арзишҳои демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бисту панҷ сол муқаддам зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон тӯлонӣ садоқати худро ба мардум, давлат, муқаддасоти миллӣ сарбаландона собит намуд ва имрӯз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди баровардани ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ сохта истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қисми таркибии низоми бисёрҳизбии кишварро ташкил дода, дар миёни ҳизбҳои амалкунанда бонуфузтарин ҳизб ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб дар тӯли фаъолияти 25-солаи худ пастиву баландиҳо ва мушкилоту проблемаҳои зиёди ҷомеаро бартараф кардааст.
ҲХДТ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азизамон пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра қавитар мегардад.
Ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз ормонҳо ва ҳадафҳои мардумӣ маншаъ гирифтаанд, бо гузашти айём арзиши волотар касб намуда, ба мақсаду мароми миллати шарафманди тоҷик табдил меёбанд. Сокинони мамлакат роҳи расидан ба зиндагии шоистаро дар татбиқи ҳадафҳои хирадмандонаи ин ҳизб мебинанд. Воқеан ҳам, имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як ташкилоти тавоное табдил ёфтааст ва метавонад халқи кишварро ба фатҳи қуллаи мурод раҳнамоӣ кунад.
Фаъолияти созанда ва ҳадафҳои тараққихоҳонаву инсондӯстонаи ҲХДТ, ки ҷавҳари онро таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳанд, дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пуртазод аҳамияти бештар касб намудааст. Ба ибораи дигар, ҳоло мардуми аз ҷиҳати бунёдӣ, фикрӣ ва мафкуравӣ сулҳхоҳу ободкори кишвар бараъло мушоҳида мекунад, ки ҳадафу ормонҳои ин ҳизб бо ҳадафу ормонҳои ӯ мувофиқанд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ, бархӯрд ва омезиши тамаддунҳову фарҳангҳо, яъне дар замоне, ки мо умр ба сар мебарем, фарқ кардани иттилооти созанда аз сӯзанда, ҷудо намудани асл аз ғараз ва нек аз бад барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус, ҷавонон хело мушкил шудааст. Таҳлили воқеаву ҳодисаҳои ҷаҳони муосир,муноқишаҳои мусаллаҳонаи бисёр давлатҳо нишон медиҳанд, ки қувваҳои ғаразноки сиёсӣ, аз он ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, метавонанд дар ҳар соату дақиқа фазои орому осудаи дилхоҳ кишвару минтақаро халалдор намоянд. Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ҳама аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва умуман ҳар як сокини мамлакатро шарт ва зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар талоши ватанхоҳона дошта бошанд, худшиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир бошанд.
Мо бояд бошуурона дарк намоем ва асло фаромӯш насозем, ки сарбаландиву саодати мо дар асоси осудагиву сарсабзии Ватан бунёд меёбад. Аз ин рӯ, сарҷамъу муттаҳид будан дар атрофи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизбе, ки роҳбарии онро ин фарзанди фарзонаву дилсӯзи миллат ба уҳда дорад, метавонад мову кишвари моро дар муқобили ҳама ақидаҳо ва нақшаҳои харобкоронаи қувваҳои худхоҳу манфиатҷӯ устувору муқтадир гардонад ва ба фатҳи марҳилаи навини давлатдорӣ ҳидоят намояд.
Сокинони ноҳияи Ёвон, ки аз ибтидо худро ҳамчун мардуми ватанпараст ва ҷонибдори қавииродаи сохти конститутсионӣ муаррифӣ кардаанд, дар давоми 25 соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси аъзо ва ҳаводорони ин ташкилоти бонуфуз баҳри амалӣ гардидани мақсаду мароми халқпарваронаи он садоқатмандона саъю талош варзида истодаанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ин муддат бо мақсади иҷрои вазифаҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ нақшаҳои зиёдеро амалӣ намуда, ҳамчун як ташкилоти ноҳиявии ин ҳизби мардумӣ барои боз ҳам қавитар шудан ва афзун гардидани нуфузу эътибори он пайваста чораандешӣ мекунад.
Имрӯз дар ноҳияи Ёвон шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба 11590 нафар расидааст, ки ин рақам дар қиёс бо шумораи беш аз дусаду чил ҳазор нафараи ноҳия хеле бузург аст. Ин нерӯи андак нест, балки қувваи бузургест, ки аз боварию эътимоди мардум сарчашма мегирад. Ин ҳизб дар байни ҳама қишрҳои ҷомеа– зиёиён, коргарон, деҳқонон ва соҳибкорон аъзои зиёд дорад, дар шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дурдасттарин деҳоти ноҳия ташкилотҳои ибтидоии он мавҷуданд ва фаъолияти худро баҳри татбиқи саривақтии ҳадафҳои ин ҳизби бунёдкор ба роҳ мондаанд.
Дар давоми 25 соли фаъолияти ҳизб Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон собитқадамона ба сӯи пеш, ба сӯи ҳадафҳои бунёдкорона ҳаракат карда истодааст.
Амирзода Мақсуд Амир- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон