БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ВА БУНЁДКОР!

АЗ АНҶУМАН ТО АНҶУМАН

АНДЕШАБаъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи кишварро як парокандагӣ ва халқиятҳои онро ноиттифоқию ноумедӣ фаро гирифта буд. Ба ҷои илму хирад ва неруи заковат ҷомеаро яроқу аслиҳа идора карда, мардум дар гирдоби тарсу воҳима умр ба сар мебурд. Дар чунин авзо як неру ё худ ташкилоти сиёсие зарур буд, ки халқи гуногунмиллати Тоҷикистонро дар гирди худ муттаҳид сохта орзуҳои чандинасраи онҳоро ҷиҳати бунёди давлати нави соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ амалӣ гардонад. Ба қавле пешоҳанг ва бунёдкор бошад.

Барои амалӣ гардонидани ин нияти нек, ташаккул ва ифодаи иродаи халқ, инчунин иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, ташкили сохтору фаъолияти Ҳукумат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси боэътимод гашт .

Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсии мамлакат 10 декабри соли 1994 ташкилоти ҷадиди сиёсӣ таъсис дода шуд, ки зимнан роҳбарии сиёсии ҷомеаро соҳибӣ кард .

Дар натиҷаи бесарусомониҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, иқтисодиёти мамлакатро буҳрони шадид фаро гирифта, тамоми сохторҳои идоракунӣ фалаҷ шуда буданд. Дар чунин авзои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешоҳанг ва созанда будани худро собит сохт. Яке аз барномаҳои муҳими давлатӣ, ки пеш гирифта шуд, ин раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ буд. Тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро хатари ҷудошавӣ таҳдид мекард. Роҳу пулҳои валангору хароб карда шуда байни вилоятҳо рафту омад қариб, ки аз байн рафта буд. Бинобар ин бо азнавбарқароркунии роҳу купрукҳо ва бунёди нақбҳои азим, ки шимол ва ҷануби Тоҷикистонро бо ҳам мепайваст шуруъ карда шуд. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳояш бо мардум иброз мекард, ки агар зарур шавад нақбҳоро бо нохун меканем. Дар як муҳлати муайян тавассути меҳнати шуҷоъкорона нақбҳои “Анзоб”, “Шар – шар” ва “Чормағзак” бунёд ёфта, роҳҳои автомобилгарди “Душанбе – Бадахшон”, “Душанбе – Хатлон” ва ҳазорҳо километр роҳҳои дигар ба таври замони муосири байналхалқӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд.

Ба туфайли пешоҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар чор фасли сол роҳ ба чор тарафи кишвар кушода шуданд. Бунёди пулҳои байналмилалӣ дар дарёи Панҷ, шоҳроҳҳои “Душанбе – Ҷиргатол – марзи Қирғизистон”, “Душанбе – Хуҷанд – Чанак”, “Душанбе – Турсунзода – марзи Узбекистон” шаҳодати равшани ин дастовардҳоянд. Ғайр аз ин ба таври куллӣ дар сохтори иқтисодиёти кишвар дигаргуниҳо ворид гардида дар он асоси боэътимоди меъёриву ҳуқуқӣ таъсис ёфт ва фазои боварибахши инвеститсионӣ фароҳам оварда шуд.

Маҳз ба шарофаи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи дигари стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат амалӣ гардонда шуд. Пурра таъмину барқарорсозии Нерӯгоҳи Барқӣ Обии Норак, сохтмонҳои Нерӯгоҳҳои Барқӣ Обии Сангтуда – 1, Сангтуда – 2, силсиланерӯгоҳи бешумор дар Ҷумҳурӣ, хусусан ба кор андохта шудани чархаҳои якум ва дуюми Нерӯгоҳи Барқӣ Обии Роғун қадами қатъие барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ гардид. Қобили қайд аст, ки иҷрои ин ҳадафи стратегӣ кишвари моро боз ҳам сарсабзу хуррамтар гардонда, ба мардум шодию сурур меоварад.

Мусаллам аст, ки ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, сатҳи зиндагӣ, тарзи ҳаёти солимро баланд бардошта, сулҳу ваҳдатро таҳким мебахшад. Кишварро ба як кишвари воҳид мубаддал мегардонад. Ҳадафи дигаре, ки аз барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарчашма мегирад ин таъмини амнияти озуқавории мамлакат буд. Тавассути ба кор андохтани заминҳои бекорхобида, хусусан баргардонидани замин ба деҳқон, истифодаи таҷрибаҳои илмию техникӣ ва дигар захираю имкониятҳои истифоданашуда, истеҳсоли маҳсулотҳои ғизоӣ ба таври кофи афзун гардонда шуданд. Тоҷикистон аз як кишвари воридкунандаи маҳсулот ба кишвари содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ табдил ёфт. Талаботи аҳолӣ ба тамоми намуди озуқаворӣ таъмин карда шуд.

Айни замон пешорӯи давлат ва Ҳукумати кишвар иҷрои боз як ҳадафи муҳим – Саноатикунонии босуръати мамлакат қарор дорад, ки дар назди фаъолону ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаҳои дигари пурмасъулият гузоштааст. Ин табдил барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот, боз ҳам тақвият ёфтани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, дастоварди беназир ва бузург дар самти сиёсати давлат дар соҳаи маориф ба шумор меравад, ки дар барномаи ҲХДТ ба рушди ин соҳаи муҳим афзалият дода шудааст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурӣ анқариб 3000 бинои мактаби ҷавобгӯ ба ниёзҳои муосир сохта ба истифода дода шуданд.

Бо туфайли эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аксари ҳунарҳои милии азбайнрафта эҳё ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардид. Ба ҳунармандону косибон имконияти бештар дода шуд, то онҳо маҳсулоти худро дар бозори дохиливу хориҷӣ бароранд. Ин дастовардҳо зимни ташкили вохурию сӯҳбатҳо бо аҳолӣ инъикоси худро меёфтанд. Бо шарофати ҳидоятсозии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон робитаи ҳизб бо аҳолӣ дар маҳалҳо тақвият ёфт. Тамоми корҳои бунёдкоронаю созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аҳолӣ расонида шуд.

Итминони комил дорем, ки аҳли диёр, хусусан аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шукрона аз авзои ороми сиёсӣ ва амнияту суботи саросарӣ зери ливои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёкорию созандагиро шиору мароми зиндагии худ қарор дода, ояндаи дурахшони худро таъмин менамоянд.

Таъсиси чунин як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки ифодагари ниятуорзуҳои чандинсолаи мардуми ин сарзамини таърихӣ буд, сокинони ноҳияи Темурмаликро низ бо ояндаи дурахшону пурсаодат боварибахш гардонид . Дар як давраи кутоҳи таърихӣ аъзоёну ҷонибдорони бешумор пайдо кард . Ва ҳамин боис шуд , ки 10 апрели соли 1998 бо мақсади тақвият бахшидани ин раванди ҳаёти сиёсии ҷомеа дар ноҳия ва роҳбарӣ ба ин ниҳоди сиёсӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Номҳои нахустин аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар бойгонии он сабт гардидаанд.

Аз замони таъсисёбӣ то ба лаҳзаи имрӯз нафарони зиёде ба ин ташкилоти сиёсии ҳизбии ноҳия сарварӣ кардаанд , ки ҳизбиёну меҳнаткашони ноҳия номҳояшонро ҳамеша бо некӣ вирди забон меоранд .

Нахустин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик марди бениҳоят кордону дурандеш ва оқилу доно Холназар Одинаев ба шумор меравад. Нафарони зиёди содиқ ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳ – гурӯҳ ихтиёран ба ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ аъзо мешуданд.

Баъдан кори заҳматталаби роҳбарии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сарвариии ноҳия ба зимаи Имомиддин Искандаров гузошта шуд. Дар ин давр ҳамчун мавҷҳои пуртуғёни дарёи Сурхоб сокинони ноҳия дар гирди ташкилоти сиёсии худ, ки бешубҳа зодаи замони соҳибистиқлолӣ буд ҳамроҳ мешуданд. Обру, нуфуз ва мартабаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯз то рӯз афзунтар мегашт. Дилгармии мардум ба ҳизби воқеан ҳам халқӣ бештар мегашт.

Хусусан дастовардҳои ҳамарӯзаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳукумати мамлакат мардумро ҷиҳати расидан ба қуллаҳои нави меҳнатӣ руҳбаланд менамуд. Бунёду ба истифодабари супурдани биною иншоотҳои азим, торафт ободу зебо гаштани ҳамаи гушаю канорҳои Ҷумҳурӣ, қомат афрохтани боғҳои фарҳангию фароғатӣ, рушди сайёҳӣ, деҳот, ҳунарҳои мардумӣ бо ҳуввияти миллии сокинони кишварамон ҷаззобияти иловагӣ зам мекарданд. Муҳимтар аз ҳама ба фаъолият шурӯъ кардани чархаҳои якум ва дуюми Нерӯгоҳи Барқӣ Обии Роғун мисоли равшану бебаҳои ҷаҳониён оиди роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид. Дар ҳамин иншооти бузурги аср аъзоёни фаъолу ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми беандоза гузоштанд. Алалхусус Сарвари Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат шахсан паси чамбараки механизми пуриқтидор нишаста, ба хотири вусъати корҳо ҳиссагузорӣ намуданд. Зеро пурра ба фаъолият оғоз намудани Нерӯгоҳи Барқӣ Обии Роғун омили асосии пешрафти иқтисодию саноатии мамлакат хоҳад гашт.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик дар давоми солҳои мавҷудияти худ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ба зимааш вобастагардида ба пуррагӣ баромада, дар татбиқи ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳмгузорӣ дорад.

Тибқи нақшаи кории тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ва дастуру ҳидоятҳои эҷодкоронаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, инчунин дигар сохторҳои болоӣ ҳамеша корҳои сиёсии ташвиқотию тарғиботӣ ба роҳ монда мешаванд.

Агарчӣ солҳои нахустини фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия чорабиниҳои сиёсию ҳизбӣ маъмулан дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот доир мегаштанд, акнун ин қолаб ба тамом шикаст шуд. Вобаста ба эълон гаштани “Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Соли тақвияти робита бо маҳал” ва хусусан бобати таъмини иҷрои аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” равобити Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба тамоми аҳолии минтақаҳои гуногуни ноҳия ба роҳ монда шуд. Аксияи мазкур дар ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагию бунёдкорӣ, инчунин фаъолгардонии онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда, сангфаршу мумфарш кардани кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия, дуруст роҳандозӣ намудани корҳои хайру сахо ва бо ҳамин зайл дигар корҳо кӯмаки зиёд расонд.

Маҳз натиҷаи ҳамин ҳамрадифию ҳамоҳангии фаъолияти ҳизбӣ бо сиёсати хирадмандонаи бунёдкоронаи Пешвои миллат аст, ки дар давоми танҳо 9-моҳи соли 2019 зиёда аз 14-километр роҳҳои байни деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сангфарш гардида, ба зиёда аз 60-нафар ниёзмандон кӯмакҳои яквақтаинаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизб расонида шуд. Ғайр аз ин бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зиёда аз 5 000 бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва дарахтони мевадиҳанда дар назди ташкилоту корхонаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин сабзонида шудаанд.

Айни замон корҳои гуногунҷабҳаи ҳизбӣ дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ва тарғиботӣ ба роҳ монда шудаанд .

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg