БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРЕРО АНҶОМ МЕДИҲЕМ, КИ ХАЙРУ САВОБ АСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудан аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Байнали Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ҳашар баргузор гардид.

Иштирокдорони ҳашар бо маблағи 12 800 сомонӣ, 7 423 метр роҳҳои дохили деҳаро сангфарш  карданд. Ин иқдом боиси хушҳолии сокинон гардид, чунки дар роҳҳои байни деҳа дар фасли зимистону баҳор мушкилиҳои зиёде эҷод мешуданд.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ, анҷоми амалҳои хайру сахо ба хотири паст кардани сатҳи кабизоатӣ раҳнамоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg