БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ШАХСИЯТҲОИ САРСУПУРДАВУ БОИРОДА ДАРСИ САДОҚАТ ОМӮЗЕД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроия шаҳрии ҳизб ва дигар шахсони даъватӣ бо ҷавонон -аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дарси садоқат гузаронида шуд.

Дар мулоқот Ҳамидиён Орзу баромад намуда, қайд кард, ки ҳамчуноне Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Фарзандони бонангу номуси Ватан ва содиқ ба халқу миллати худ такягоҳи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд”. Дар ин маврид моро лозим аст аз чунин шахсиятҳо, ки борҳо садоқати худро ба Пешвои миллат ва меҳри беандозаашонро ба Ватани маҳбубамон собит сохтаанд, ибрат гирему дар фаъолияти кории худ истифода барем.

Инчунин,  гуфта шуд, ки боиси таассуф ва нигаронист, ки имрӯз бархе аз ҷавонони кишварамон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гардидаанд, ки ин амали номатлуби онҳо ҳар яки мо аъзои ҳизбро бетараф гузошта наметавонад. Бинобар ин мо фаъолонро лозим аст, ба раванди рӯйдодҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ баҳои дуруст дода, барои пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ созем. Дар фарҷом мавсуф бо боварӣ ва эътимод изҳор карданд, ки ҷавонон таҳти ғамхорӣ ва раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсоси ватандориву ифтихори миллии худро тақвият дода, дар ҳифзу ҳимояи Ватан ва соҳибистиқлолии кишвар нақши сазовори  худро  хоҳанд  гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg