БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР ЭҲТИЁТ БОШЕД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк”- и ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид. 

Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҳизбӣ оид ба мафҳуми “экстремизм” ва “терроризм”, сабабҳо,  омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайвандад, таҳлили комили таснифоти терроризм, мубориза бар зидди он, пешгирии шомилшавии ҷавонон баромад намуда, қайд карданд, ки бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фанои ҷанги сард низоми нави ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, тақсимоти нави ҷаҳон ба миён омада, дар арсаи байналмилалӣ муносибатҳои давлатҳои абарқудрат  оид ба тақсимоти ҷаҳон хело тезу тунд гардиданд. 

Инчунин, дар идомаи сухан масъулин дар бораи омилҳои паҳншавӣ ва пешгирии бемории сироятии ВИЧ/СПИД, ки дар замони муосир ба вабои аср табдил гардидааст, маълумот дода, аз ҳозирин даъват бар он намуданд, ки дар фаъолияти рӯзмарраи худ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти маълумотнокии онҳо оид ба ин беморӣ ҷоннок намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg