БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН –ҲИЗБИ ХАЛҚ АСТ!

АЗ АНҶУМАН ТО АНҶУМАН.

АНДЕША. 25-сол қабл 10-декабри соли 1994 бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вазъияти хеле вазнини иҷтимоию иқтисодӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

 Дар кишвари азиятдидаи мо ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, тарафҳои даргир ва хоҷагони онҳо намехостанд дар Ватани зебои мо сулҳ танинандоз шавад. Мардум он вақт ба ҷуз сулҳ, оромӣ ва нон дигар ба чизе умед надоштанд. Ва маҳз бо пеш гирифтани сиёсати хирадмандона, сулҳҷӯёна, ваҳдатхоҳонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳизб ба як ҳизбӣ пешбаранда, муваффақ ва созгор табдил ёфт.

Дидагони мулку чашми эътибори миллат аст,

Сабзтар аз файзу эҳсонаш баҳори миллат аст.

Банди фикри ҳифзи боғи мевадори миллат аст,

Он, ки мефахрат ба миллат, ифтихори миллат аст.

  Ин ҳизб барои он мардумӣ гашт, ки аз лаҳзаи ниҳоят ҳассос таъсис ёфт ва дар як муддати кӯтоҳ дар фазои сиёсии ҷомеа ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои халқ тавассути Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳадафи аслии хеш қарор дода, бо ин васила ба дили мардум роҳ ёфт.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин лаҳзаҳои таъсисёбии ҳизб ба садоқату матонати мардонаи занони тоҷик такя кард, мақоми онҳоро дар ҷомеа баланд бардошт. Аз ин хотир имрӯз фаъолияти пурсамари занон дар ҳамаи самтҳо ба сифати аъзоёни Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, докторону профессорон ва соҳибкорони муваффақ шаҳодати ба бор овардани самараҳои неки фармони сарнавиштсози Президенти азизи мо мебошад.

Солҳо қадамҳои устуворе шуданд барои устувор гаштани сулҳу суботи Тоҷикистони биҳиштосо, умеди ягонаи мардуми сулҳпарвар ҷомаи амал пӯшид, яъне бо роҳбарии Пешвои миллат–Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик тавонист нақшаву Барномаҳо, стратегияҳои таҳрезишударо қадам ба қадам амалӣ намояд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон аз сатҳи камбизоатӣ берун омадаанд, барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан чӣ қадар роҳҳои оҳану мошингард сохта ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо арсаи ҷаҳонӣ мепайвандад. Барои чароғон шудани Ватани азизи мо як қатор неругоҳҳои барқӣ–обӣ ба истифода дода шудааст, ки дар арсаи сиёсии ҷаҳон назир надоранд.

Имрӯз тамоми мардум дарк намудаанд, ки таъмини аҳолӣ бо ғизои солим, безарар ва фоидабахш яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, зеро воридоти маводи хурока аз хориҷи кишвар на ҳама вақт ба талаботи стандартӣ, беҳдоштӣ–гигиенӣ ҷавобгӯ аст. Аз ин рӯ бо мақсади иҷрои ҳама бандҳои стратегияи таъминоти озуқавории кишвар низ масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо мекунад ва аз ҳама бештар кишоварзони ватандӯсти Тоҷикистонро водор менамояд, ки барои халқи азизи худ софдилона заҳмат бикашанд.

 Ҳадафи чоруми сиёсати Стратегияи миллӣ–саноаткунонии босуръати мамлакат, имкониятҳои рушди иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар ин самт зарур аст, ки баҳри пешрафти иқтисоди миллӣ ҷалби соҳибкорони дохилӣ, ки ин имконияти боз ҳам муфит баҳри васеъ кардани доираи соҳибкорӣ мебошад, кӯшиш бояд намоем.

  Нигоҳ ва ҳадафҳои некбинонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дурбинона мебошад, зеро Сарвари азизи кишвари мо дарк намудааст, ки танҳо меҳнати софдилона, зиёд кардани ҷойҳои нави кори доимӣ метавонад мардумро руҳбаланд намояд, умед ба ояндаи неки Тоҷикистони азизаш бубандад, тамоми маҳсулоти истеҳсолкунандаашро худаш коркард намояд. Бинобар ҳамин раванди саноаткунонӣ имрӯз дар минтақа бисёр ба маврид буда, маҳсулоти хом ва нимтайёр, фаровонии меваю сабзавод ниёз ба консервакунонӣ мебошад, дар асоси эълон гардидани солҳои                      2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаву деҳаҳои ноҳия, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз қабили коргоҳҳои дӯзандагӣ, сехҳои коркарди меваю сабзавод, консервакунонӣ, коргоҳҳои хушкунонии мева (сабзавод) ба ин васила таъминоти бозорҳо бо ғизои тару тоза, маҳсулотҳои дохилӣ, инчунин таъмини ҷойҳои нави корӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 26-декабри соли 2018 бармеояд чунин ироа намуданд; ки «Мо ҳар амали некеро, ки бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон– Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад». 

Саидзода Раҳмон Азим – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg