БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАМЕГУЗОРЕМ, КИ ҲАР ВАТАНФУРӮШЕ Ё ХОИНЕ БА МИСЛИ НАҲЗАТИҲОИ ДАЙДУ БО ИҒВОЮ ДАСИСАБОЗИАШОН БА СУЛҲУ СУБОТ ВА РУШДУ НУМӮИ КИШВАРИ АЗИЗАМОН ТОҶИКИСТОН ЧАШМ АЛО КУНАНД!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо мо ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ - интихоботҳои Парлумонӣ ва Президентӣ наздик шуда истодаем, аз ҷониби иғвоангезони ташкилоти террористӣ – экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ дар сомонаву саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна навору мақолаҳои иғвоангезона, фитнаангезона ва назарияҳои дуруғини ифротгароёнаро паҳн карда мақсади ягонаашон ин ноором сохтани фазои сиёсии кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз мебошад. Сараввал онҳо мардумро бо худ ба тафриқаву маҳалгароӣ андохта интизор мешаванд, ки байни мардум нофаҳмиҳои зиёде ба амал ояд ва барои ноором сохтани фазои тенҷи сарзамин тариқи ҳаргуна дуруғҳои пештарбофтаашон мехоҳанд бойгарии мамлакатро ва сулҳу салоҳи сартосариро аз байн баранду халос. Вале мардуми калонсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои ҷанги шаҳрвандиро, ки то ҳол аз ёдҳо нарафтаасту 150 ҳазор нафар қурбони дасисаву иғвогарӣ шуда, беш аз 2 миллион нафар гурезаву фирорӣ гардида буданд, дидаанду ба ин иғвоангезон дигар ҳаргиз бовар намекунанд.

Чихеле, ки ба ҳамагон маълум аст, қисми зиёди истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ ин ҷавонон мебошанд, наҳзатиҳо ки усули нави ҷалбнамоии худро медонанд ва дар сомонаҳо наворҳои иғвоангезу беасоси худро паҳн мекунанд, то ки ҷавонон фирефтаи ин гурӯҳҳои ифротӣ шаванд ва онҳоро ба мақсадҳои нопокашон истифода баранд.

Ташкилоти террористӣ – экстримистӣ ҲНИ ҳамеша мақсади ба вуҷуд овардани ҷанҷолу хархаша, нооромӣ, бетартибӣ ва ҷангу ҷидолро дорад. Онҳо барои халалдор сохтан ва сиёҳ кардани номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳо тарҳрезӣ намуда, иғвову моҷарои навро амалӣ карда, ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, ки боз чанд муддат туҳмату иғво барангехта, нофаҳмиву нооромиро ба вуҷуд оранд.

Онҳо ҳамеша бо ҷавонон сару кор доранд, ҷавононе, ки дониши нокифоя доранд, зуд ба доми ин гурӯҳ афтода гумроҳ мешаванду ба Ватани худ хиёнат мекунанд. Ҳоло, ки пайғамбари худо (с.а.в) фармудааст, ки бар Ватани худ хиёнат накунед. Онҳо сараввал худро тавре намоиш медиҳанд, ки гуё ватандӯстдор, содиқ ва аз дини мубини ислом бохабаранд, вале онҳо пеш аз онки дар сомонаҳои иҷтимоӣ сухане гӯянд, саравал хоҷагони хориҷиашон супориш дар бораи чӣ сухан гуфтанро бо ин гурӯҳҳо дода, онҳо бо омодагии зиёде ба наворбардорӣ мебароянд. Агар наворҳои онҳоро таҳлил карда бинем ҳадафи онҳо ҳамеша, бадном кардани Тоҷикистон ва ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳҳояшон мебошад, онҳо алакай ин суханонро борҳо гуфтанд, аммо боре аз дастовардҳо ва пешравиҳои даврони Истиқлолияти Тоҷикистон сухан намекунанд. Чаро аз варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмималӣ номи миллати тоҷикро баланд мебардоранд сухан намекунанд,? Чунки мақсади онҳо ин иғво андохтан аст.

Наҳзатиҳоро мебояд, ки ба ин ҳама иғвоангезӣ, дурӯғу васвасаҳои бемаънои худ хотима диҳанд, то чакрае аз дараҷаи инсонияташон осор монад ва агар ин корро карда натавонистанд, пас бидонанд, ки ин ҳаёту зиндагӣ аз они нохалафон нест, зеро хиёнати Ватан худ ношукронро беватан мекунад.

Агар нону намаки Ватан мехостед, онро пос медоштед, арзишҳои он ва ахлоқи ватандориро гиромӣ медоштед. Огоҳ бошед, ки ин макон, ин зарраи хок азони онҳое, ки соҳибватананд на хиёнаткорон.

Наҳзатиҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки низоъ барангехта, ҷавонони содаву бегуноҳро ба доми худ кашида, барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразнокашон истифода намоянд. Аз ҷавонону наврасони дунёбехабар, ноогоҳ ва ба гирдоби онҳо афтода террористҳои нав ба нав омода намуда, муқобили Ватани аҷдодӣ хиёнаткориву хоинӣ мекунанд.

Ташкилоти террористӣ – экстримистӣ ҲНИ бо мақсади худро дар назди хоҷагони хориҷиашон «ширин» нишон додан, чунин иғвову дасисаҳоро тарҳрезӣ намуда, обру ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст карда истодаанд. Наҳзатиҳои пастфитрат номи миллати тоҷикро доғдор намуда, боз мехоҳанд, тамғаи террористу хиёнаткор ва ватанфурӯшро, ки ин миллат ба пешониашон насб кардаанд, мехоҳанд бо дурӯғбофиҳо ва ҷабрдида муаррифӣ кардани худ, пок созанд.

Наҳзатиҳо пай бурданд, ки мо имрӯз, ки бо дастури хоҷагон ба Ватани худ хиёнат карда истодаем, рӯзе мерасад, ки мо барои хоҷагон нолозим мешавему моро ба ахлоттуда мепартоянд. Хоҷагони онҳо низ дуруст медонанд, ки инҳо, ки ба Ватану миллати худ хиёнат мекунанд, ҳатман бо мо низ чунин корро мекунанд, маҳз ба ҳамин хотир мисли хоҷагон наҳзатиҳоро мисли наски то рӯзи даркори истифода мебаранду замоне, ки нолозим шуданд, ҷуроби даридагӣ барин ба ахлоттуда мепартоянд. Хуллас ин ҳама бозиҳоест, ки аз тарафи хориҷиҳо суи Ватан-Тоҷикистони азиз равона гардида, бо дасти наҳзатиҳои хиёнатпеша амалӣ карда шуданиянд, аммо ҳамеша тири ин бадзотон хок мехӯрад, ин миллати куҳанбунёд ҳаргиз намегузорад, ки ин нохалафон ҳадафҳои шуми худро амалӣ намоянд.

Мо, кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва маърифати сиёсии сокинон дар мубориза бо таҳдидҳои муосири чунин равандҳои ҷаҳони мубориза мебарем ва намегузорем, ки нохалафони наҳзатӣ суи Ватан санг партоянд ва ҷавонони баору номуси моро фирефтаи дасиссаҳои худ созанд.

Ман ҳамчун як ҷавон сокини ноҳияи Кӯшониён ба ҷавононне, ки барои муҳоҷират ё идомаи таҳсил дар хориҷа хуллас барои кадом коре, ки набошад дар хориҷи кишвар қарор доранд, ба ин гурӯҳҳо бовар накунанд, чунки Ватани тинҷу ором доред, нагузоред, ки ҳар нохалафе ба ин Ватани биҳиштосо чашм ало кунад.

Чихеле, ки аз сомонаҳои иҷтимои бохабар шудам бохабар шудам Макрази таҳлилии амрикои Gallup Ҷумҳурии Тоҷикистон – ро дар байни 142 давлати дунё дувумин давлати амнитарини дунё дар масъалаи амнияти шаҳрванддон эътироф гардид, ки ин нишондод соли 2017 дар байни 141 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи 8 – 9 қарор дошт, ки аз ин бояд ҳар якимо фахр ва номбардори Ватан бошем.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷонибдории давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи худ бошанд, барои ҷомаи амал пӯшидаи орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва радикалӣ муборизаи беамон баранд.

Ба мо ҳамагон маълум аст, ки ин Истиқлолияте, ки дар Ватани азизи мо ҳукумрон аст, ба осонӣ ба даст наомадааст мо мардуми тоҷик бояд донем, ки соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи таърихиест, ки мардуми моро насиб гаштааст.

Дар ҷомеае, ки имрӯз умр ба сар мебарем моро мебояд, ки бо рафтору одоби намунавии худ ба омӯзиши илмҳои муосир рӯ орем. Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад як марҳилаи сифатан нав дар пешрафти хӯдшиносии миллиамон гардида, моро ба сӯйи созандагӣ такони ҷидди мебахшад. Мо бояд шукри сулҳу ободии Ватан намоему вақти қиматбаҳои худро ба манфиати миллат сарфа намоем

Мо ҷавонон амалҳои ноҷавонмардонаи аъзоёни ташкилоти террористӣ – экстримистӣ ҳизби ифлоси наҳзатро маҳкум намуда, намегузорем, ки ҳар ватанфурӯше ё хоине ба мисли наҳзатиҳои дайду бо иғвою дасисабозиашон ба сулҳу субот ва рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистон чашм ало кунанд.

Сунатулло Шеров,

мудири шуъбаи таблиғот,

иттилот ва матбуоти Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg