БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДА БОШ, ЭЙ ВАТАН!

ВОКУНИШ. Муҳаббати мо - муҳаббат ба Ватан аст! Тапиши бонизоми қалбҳои мо низ аз амну оромиву осоиштагии фазои Тоҷикистони озоди мост! Меҳр ва эҳсоси баланди муҳаббат ба Ватан дар колбади ҷисми озодихоҳи ватанпарвар туғён менамояду соҳибашро ба корнамоиҳои бемисл роҳандозӣ месозад.

Чуноне, ки ҳазорсолаҳо боз инҷониб таърихи башарият бо номи шахсиятҳои бузург ифтихор доранд, номи некашонро дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт кардаанд ва насли имрӯз дарси озодихоҳиву ватандӯстӣ аз онҳо меомӯзанд. Номи фарзанди асили миллати тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар қатори нобиғагони ҳар давру замони гузашта, дар замони давлатсозии навини тоҷикон чун офтоби нурафкану гармиосо ва ситораи пурҷилои дурахшон таҷалло кард. Хислатҳои олии инсонӣ ва фаъолияти пурсамари меҳнатиашон дар роҳи Ватансозӣ мояи ифтихори мост!

Соли равон истиқболи ҷашнҳои бузурги миллиамон- 22 солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ, 28 солагии Истиқлолияти давлатӣ, 25 солагии рӯзи қабули Конститутсияи кишварамон, 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва якқатор санаҳои муҳими тақдирсози Ватанамон бори дигар ҳар яки моро ба он ҳушдор менамояд, ки ҳарнафас бо шукргузорӣ умр ба сар бибарем ва пайи ободии сарзамини аҷдодӣ талош биварзем. Маълум, ки солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ба нокомӣ рӯ ба рӯ гашт. Рӯзҳои вазнину фоҷиабори солҳои аввали Истиқлолият ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Таърих ва таҷрибаи давлатсозии инсоният бори дигар ҳушдорамон дод, ки ба даст овардани Истиқлолият ва таҳкими пояҳои он, ҳифз ва рушду камоли он кори осон нест. Вале мардуми таҳаммулпазир ва хирадманиши тоҷикон бо Пешвои худ бовару эътимод карданд ва ҳанӯз аз соли 1992 Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои худ интихоб карда, аз пайи ӯ баҳри бунёди давлати навини тоҷикон қадам гузошта, таҳкими пояҳои истиқлолиятро давра ба давра таъмин намуданд.

Шукронаи Офаридагори олам, ки дар фазои сулҳомезу ваҳдатгустарии даврони Истиқлолият, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварамон ба даст омадааст, кору фаъолият ва рӯзгори босаодату шоиста насибамон гардидааст. Миллати тоҷик аз азал ҳамчун як миллати тамаддунофар ҳамеша пешгом ва илмофар буд ва оянда низ метавонад пешгом бошад ва бо хираду заковати фавқуллодаи хеш дар ҷаҳони муосир нақши муассир гузоранд.

Инсонҳо дар асри 21 дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ба буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодиву молиявӣ рӯ ба рӯ гардиданд. Ногуфта намонад, ки раванди нави сиёсӣ - буҳрони муҳоҷират низ босуръат шиддат гирифта, сайёраро ба ташвиш овардааст. Ҷаҳони муосир ҳар сония ба мушкилотҳои нав ба нав рӯ ба рӯ аст. Хатари терроризм ва экстремизм хусусияти сиёсӣ, маҳалгароӣ ва ифротӣ дошта торафт авҷ гирифта, дар мафкураи инсоният ҳамчун мушкилоти ҳалношуданӣ боқӣ мемонад. Ҳаёт собит кардааст, ки нияти нопок ва аъмоли шарр ба мақсуд намерасад.

  • ҳамаи давру замон ҷони одамият бо хатаре рӯ ба рӯ гардида, вале бо амри тақдиру бо хости Худованд ва бо дасти фарзандони худогоҳаш бартараф мегардид. Замоне Ташкилоти экстремистӣ -террористии Ҳизби Наҳзат ҳамчун ҳизби сиёсӣ барои пешрафту тараққиёти кишварамон мушкилотҳои зиёд эҷод мекарданд, нохалафона мардуми кишварро ба гумроҳӣ ҳидоят карда, тухми кинаву адовати милливу мазҳабиро дар миёни табақаву қишрҳои мухталифи ҷомеа мепошиданд. Бо ин роҳ аз кирдорҳои ноҷавонмардонаи худ аз ҳисоби маблағҳои хоҷагонашон рӯзии худу фарзандонашонро дарёфт мекарданд.

Сокинони ноҳияи Кӯшониён рӯзҳои шуму сахту сангинро фаромӯш накардаанд. Доғи он рӯзҳои шум аз қалбҳои ягон нафар нарафтааст. Бо дасти наҳзатиҳои террорист хонаи ободи мардуми ноҳия ба вайронаву харобӣ табдил ёфта, ҳазорҳо ҷавонони он куштаву дар хун оғушта гардиданд. Қисме аз мардони рӯзгор беному нишон гум шудаву то ба имрӯз модарон ба умеди дидори фарзанд чашм дар роҳашон кӯр кардаанд. Бо амри тақдир фарзандони моро рӯзгори хуши даврони Истиқлолият насиб гардидааст. Онҳо ҳамсолони истиқлолияту ваҳдат ҳастанд. Ҷавонони саодатманди кишваре ҳастанд, ки метавонанд ба ҳамаи орзуву муроди хеш бирасанд. Насли калон ҳамеша ҷавононро пайи дӯст доштани Ватан талқин карда, баҳри ободӣ ва рушди давлати арҷмандамон роҳнамоӣ менамоянд!

Мо, зиёиёни ноҳия фаъолият, фикру андеша ва ҳамаи амалҳои нопоку ношоистаи намояндагони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзатро маҳкум карда, ватанамонро аз амалҳои зишту харобкоронаи «наҳзатиҳои худобехабар» муҳофизат менамоем. Чун вазъи ҷаҳони муосир хеле мураккаб аст, пас эҳтимоли ҳарлаҳза хатаре Тоҷикистони моро низ таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, таъмини амният ва суботи сар то сари дар Ватани маҳбубамон аз худи фарзандон ва шаҳрвандонаш вобастагии калон дорад. Зеро танҳо сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ метавонад, ки моро аз кулли ҳодисаву воқеаҳои нохуши ба миёномада эмин нигаҳ дорад. Муборизаи мо бар зидди намояндагони собиқ ҳизби мамнӯъшудаи наҳзат беамон аст! Ҳарлаҳза омодаем барои Ватани маҳбубамон, ҳифзи муқаддасоти милливу давлатӣ қадами аввалин гузорем! Ҳар нафас мегӯем: «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!»

 

Д. Шукруллозода-вакили Маҷлиси

вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg