БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО РУҲИ ШИКАСТНОПАЗИР БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН ТАЛОШ МЕНАМОЕМ!

АНДЕША. Бо ифтихору сарафрозии бепоён изҳор медорам, ки иштирокам дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ бароям таҷрибаи беназир ва илҳомбахш мебошад. Аз соли 2012, ки узви созмони сиёсӣ-ҷамъиятии бонуфузи кишвар, яъне ҲХДТ мебошам дар чанде аз чорабиниҳои муҳими он иштирок доштам. Аз ҷумла вакил дар  Конференсияҳои 15 ва 16 -уми ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, ширкат дар Конференсияҳои  11ва 12-уми вилоятии ҳизб ва хушбахтона бо ифтихор изҳор медорам, ки вакил ва иштирокчии Анҷумани 13-уми ҲХДТ мебошам. Воқеан иштирок дар чунин чорабинии сиёсии сатҳи баланд барои кас натанҳо илҳом мебахшад, балки масъулияташро низ бояд даҳчанд намояд. Дар оғози чорабинии сатҳи баланди сиёсӣ Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои адолатпарвару ҷавонпарварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кулли иштирокдорон ва дар симои онҳо тамоми аъзои ҳизбамонро самимона барои дастгирӣ аз ин сиёсати неку бобарор ба муносибати 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрик гуфтанд. Бори дигар эҳсоси самимӣ намудам, ки Сарвари хирадманду нексиришт ва дурандешу адолатхоҳамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавқеи самимиашон бори дигар ёдоварӣ карданд, ки ман аз оғоз ба халқи азизи Тоҷикистон, ба занони сарбаланд ва ба ҷавонони хушбахту сарафрози кишварам такя доштам ва аз ин мавқеъгирӣ ифтихор дорам, чунки халқ баёнгари ҳокимияти давлатӣ дар кишвар буда, занон тавлидкунандагон ва тарбиятгари насл мебошанд, ҷавонон бошанд давомдиҳандагони пайкори неки мо ва ояндаи давлату миллатанд. Аз ин самимияти арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мафтуни ин ҳизби сиёсӣ шудам  ва ба ояндаи неки миллат ва давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлолам итминони комил дорам.

Бо дарки баланди масъулият бояд изҳор дошт, ки ҳизби мо дар тӯли 25 сол ва кишвари азизамон дар 28 соли начандон тӯлонии таърихи миллатамон ба дастовардҳои беназиру арзишманд шарафёб шуд. Ин аст, ки  рӯз аз рӯз нуфузи ҳизб ва аъзои он афзун гардида истодааст, ки роҳбарияти Олии он ба ҳайат не, балки ба сифати электорат таваҷҷуҳ зоҳир намуда истодааст, ки ин хуб аст.

Мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо Барномаи нави пешазнтихоботии худ, ки дар ин Анҷуман кабул намудем воқеи ва амалишаванда аст, дар ин роҳ бо дасту дилу нияти пок Ватанамонро аз инҳам ободтару шукуфон ва нуфузи онро дар арсаи байналмиллалӣ афзунтар мекунем. Дуруст дарк мекунем, ки иттиҳод ва сарҷамъӣ,  ҳушёриву зиракии сиёсӣ асоси фаъолияти мо буда, иттиҳод ва хушбахтиву зиндагии шоистаи миллат ин қудрати шикастнопазири мост, ки ҷойи шарҳу тавзеҳи зиёдро надорад. Бо ҲХДТ ва Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи дурахшон ва бо руҳи шикастнопазир талош менамоем!

Амирзода Аловуддин Қурбоналӣ, вакили Анҷумани 13-уми ҲХДТ аз ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg