БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-МУҲОФИЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИЮ ФАРҲАНГӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии  ҲХДТ бо иштироки аъзо, ҷонибдорон ва аъзои фаъоли ТҶҶ “ Созандагони Ватан ” ҷамъомади тантанавӣ гузаронида шуд.

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроия  дар бораи ташкилёбӣ ва роҳи пуршарафи тайкардаи ин ҳизби пешоҳангу созанда ва бунёдкори ҷомеа суханронӣ карда,

зикр намуд, ки ҲХДТ ба ҳайси қишри ташаббускори ҷомеа буда, арзишу ҷаҳонбинӣ ва идеаҳои худро дар байни мардум таблиғ менамояд ва тамоюлу равандҳои сиёсиро таҳти назар қарор дода, ба тағйироти он сари вақт вокуниш медиҳад.

Дар сафи ҲХДТ имрӯз намояндагони ташаббускори соҳаҳои мухталиф, аҳли зиёи кишвар, коршиносону сиёсатмадорон, ҳуқуқдонҳо ва занону ҷавонони    фаъол ҳастанд, ки қодиранд ҷомеаро бо роҳи вусъатбахшии ислоҳоти демократӣ, пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ пеш баранд.

Дар охир ба  2 нафар хонандагони фаъолу болаёқати муассисаро бо стипендияи Кумитаи иҷроия супорида шуда, чанде аз омӯзгорони муассиса бо инобати меҳнати софдилонаву самаранок дар таълиму тарбияи насли наврас ва ба муносибати 25- солагии таъсисёбии ҲХДТ бо Сипосномаи ноҳиявӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg