БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲЁИ КОРҲОИ ХОНАГӢ ШИДДАТИ БЕКОРИВУ КАМБИЗОАТИРО ПАСТ МЕКУНАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бозори марказӣ” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин  дар суҳбат иброз доштанд, ки соҳаи бозоргонӣ дар таъмини ҷойҳои корӣ ва рушду нумуи ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас дорад ва барои мисол гуфтан ба маврид аст, ки ҳунарҳои миллӣ натанҳо мероси таърихию бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад. Омӯхтан ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ имконият медиҳад, ки муайян намоем то кадом андоза онҳо ба ҳаёти имрӯзаи мо ворид шудаанд, бо табиати маҳал, тарзи зисти мардум, ривоятҳо, расму оин, урфу одат чи робитае доранд.

Дар айни замон, эҳёи корҳои хонагӣ шиддати бекориву камбизоатиро паст намуда, рушди бемайлони иқтисодиётро таъмин месозад. Пешвои миллат, дар Паёми навбатиашон баён доштанд, ки бо мақсади баланд  бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кӯмак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунад,  чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg