БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ...

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии  навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар  ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”  баргузор гардид.

Зимни мулоқот  роҳбарияти  Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи  “Қонуни  авф” ,  ки   рӯзи  25  октябри  соли  ҷорӣ  дар  таърихи  навини  тоҷикон  ҳамчун  як  рӯзи  хотирмону  таърихӣ  сабт  шуд,  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.    

Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф  дар  бораи   суханрониҳои Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Анҷумани  XIII – уми  ҲХДТ  ибрози  сухан  намуда, таъкид кард, ки он дастуру супоришҳое, ки аз Анҷумани 13-ум бармеояд, мо ҳизбиён бояд дар пешрафту шукуфоии Ватан саҳмгузор бошем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аздаст надода, обу хоки меҳанро ҳифз кунем.  

Дар  охир  вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии  “Якҷоя  ҳал  мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкур ба  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 – и  ноҳия  15  адад  китобҳои  бадеӣ  туҳфа  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg