БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!»-РО МИНБАЪД НИЗ ИДОМА МЕДИҲЕМ!

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Кулчашма»-и ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Мӯъминобод оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи  ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ  бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  андешаронӣ намуда, ҳамагонро барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори миллат, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ карданд.

Сипас, байни кормандони ҳизбӣ ва ҷамъомадагон суолу посухҳои мушаххас доир гардида, сокинон барои ташкили мулоқоти судманд аз ҳизбиён арзи сипос намуданд.      

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg