
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар Муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар мулоқот масъулин дар бораи нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ, ки дар он тамоми самтҳои хоҷагии халқ инъикос ёфтаанд, суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи қонунҳои миллӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Инчунин, дар охир бо пешниҳоди кормандони муассисаи мазкур ташкилоти ибтидоӣ бо номи «Пайравони Сино» таъсис дода шуда, бо дастгирии ҷамъомадагон директори муассиса Эмомов Ҳасан раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.