БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕМОРИИ ВИЧ/СПИД ЭҲТИЁТ БОШЕД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “МИР-19”-и ноҳияи Қубодиён дар мавзӯи “Таҳдиди гурӯҳҳои тундрав ба амни ҷомеа” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ дар бораи мақсад аз фаъолияти  ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки тобиши диниро бештар ба худ касб намудааст, тибқи поймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамоянд, сухан гуфтанд.

 Инчунин, дар идома масъулин оид ба моҳияти ҳизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣҳарф зада, афзуданд, ки  хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷавононро ҷисман обу тоб медиҳад, ба тарзи ҳаёти солим тарғиб карда мешаванд, ки он боиси пешгирии гирифтории онҳо ба ҳар гуна бемориҳо мегардад. Яке аз бемориҳои сироятие, ки дар замони муосир онро вабои аср низ мегӯянд бемории вируси норасоии масунияти одам ё ВИЧ/СПИД буда, аслан ҳазорон  нафар ҷавононро ба коми марг кашида истодааст. Ин беморӣ табобатнашавнда буда, марги ногузирро дар пай дорад. 

Баъзе нафарон бар он ақидаанд, ки риояи тарзи солим сарфи беҳудаи вақт аст, ки ин ақида комилан нодуруст аст. Махсусан, имрӯзҳо, ки хурӯҷи  бемории СПИД дар сатҳи кишвар ба сатҳи ташвишовар зиёд шудааст. Пас биёед якҷоя паҳншавии ин бемориро пешгирӣ намоем. Зеро ояндаи солимии фарзандони мо аз рафтори дурусти имрӯзаамон вобаста аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg